гандум

гандум
[گندم]
навъе аз ғалладона, ки аз орди он нон ва хӯрокҳои дигар мепазанд ва ҳамчун ғизои асосии инсон истеъмол мешавад; гандуми баҳорӣ гандуме, ки дар аввали баҳор кишта мешавад; гандуми тирамоҳӣ гандуме, ки дар тирамоҳ мекоранд ва зимистон дар зери барф мехобад; гандуми тухмӣ гандуме, ки барои кишт ҷудо карда мешавад; гандуми хол киноя аз холи гандуммонанди маҳбуба; тухми гандум гандуми тухмӣ; гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав (зарб.) барои таъкиди ба аслаш кашидани ҳар чиз гуфта мешавад; гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо (зарб.) ба ҳар кор мутахассис лозим аст

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Смотреть что такое "гандум" в других словарях:

  • гандумӣ — [گندمي] мансуб ба гандум; аз гандум тайёршуда; нони гандумӣ нони аз орди гандум пухта; ё нони гандумӣ ё забони мардумӣ (мақ.) инсон бояд ё дасти сахӣ ва ё забони ширин дошта бошад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумҷӯшак — [گندم جوشک] ниг. гандумҷӯш …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумҷӯш — [گندم جوش] хӯроке, ки аз гандуми нимпаз пухта мешавад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бодӣ — [بادي] 1. бо қувваи бод коркунанда, бо қувваи бод ҳаракаткунанда: киштии бодӣ, осиёи бодӣ, таппонча ё туфанги бодӣ 2. мансуб ба бод; бодӣ шудани гандум майда гашта, қобили чош шудани гандум дар хирман 3. маҷ. лофзан, мутаккабир, ҳавобаланд,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумбардорӣ — [گندم برداري] гирифтани ҳосили гандум, ҷамъоварии ҳосили гандум …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумбо — [گندم با] оши гандумӣ, шӯрбои гандумӣ, ҳалим …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумдаравӣ — [گندم دروي] даравидани гандум; мавсими даравида гирифтани гандум …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумзор — [گندم زار] ҷои кишти гандум, замини саросар гандум кошташуда: замини гандумзор …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумкорӣ — [گندم کاري] кишти гандум, кишт кардани гандум, ғаллакорӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гандумкӯбӣ — [گندم کوبي] кӯфтани гандум, кори кӯфта аз коҳ ҷудо кардани донаи гандум, хирманкӯбӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»